Имсол дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор хонандагон ба синфи якум мераванд

Имсол дар ҷумҳурӣ 260 ҳазор кӯдакон ҳамчун хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд, ки 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазорашро писарон ташкил медиҳанд. Ин матлабро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 7 август зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ қабули хонандагон ба мактаб дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат амалӣ мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми мамлакат итилоъ доданд, имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.

Дар соли нави хониш дар ҷумҳурӣ тибқи нақша 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 29 ҳазору 968 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад.  Бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва биноҳои иловагӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта мешаванд.

Инчунин то охири имсол дар мамлакат 218 иншоот барои 42 ҳазору 984 ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор мегирад.

Имсол сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, то охири сол қисми зиёди ин иншоот мавриди истифода қарор дода мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE