Дар Душанбе машваратҳои Тоҷикистон ва Чин дар масоили Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид

13 августи соли 2024 дар Душанбе машваратҳои Тоҷикистон ва Чин дар масоили Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайатҳои ҷонибҳоро ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои СҲШ Аҳмад Саидмуродзода ва намояндаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар масоили СҲШ Чжан Хайчжоу роҳбарӣ карданд.

Дар рафти машваратҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар доираи созмон дар давраи раёсати дарпешистодаи Чин мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Тамаркузи махсус ба иқдомоти муштараки Душанбе ва Пекин ҷиҳати пешбарии ташаббусҳои якдигар зимни такмили СҲШ карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE