Рустами Эмомалӣ ягона номзад дар интихоботи президенти CAFA пешбарӣ шудааст

Президенти феълии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ ягона номзад дар интихоботи навбатии вазифаи раиси ин созмон аст. Дар ин бора сомонаи расмии CAFA хабар медиҳад.

Рӯзи 2 май дар Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Бинобар иттилои сомонаи расмии CAFA, тибқи моддаи 31-и Оинномаи созмон дар Конгресси ҳаштум интихоботи роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои давраи чорсолаи нав (2023-2027) баргузор мешавад.

 Дар Конгресс президент, ду ноиби президент, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, инчунин як узви Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва як зан узви Кумитаи иҷроия интихоб хоҳанд шуд.

✅ Номзад ба президенти CAFA (муҳлат барои чаҳор сол – 2023-2027):

1. Рустами Эмомалӣ (🇹🇯 Тоҷикистон) мебошад.

Салом Роҳбарони муҳтарам,

Инчунин дар ин интихобот Президенти ФИФА Ҷани Инфанттнйо ва Президенти Конф Футболи Осие (АФК) Шейх Салмон ба Тоҷикистон сафар анҷом медиҳанд ва дар ҳузури онҳо маросим баргузор мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE