Владимир Норов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ШВКХ ба Тоҷикистон ташриф овард

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Владимир Норов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии (ШВКХ) СҲШ, ки 13-14 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

11 июл дар доираи сафар Владимир Норов ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос гардид.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар мулоқоти Дабири кулли СҲШ Владимир Норов бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар назар буда, интизор меравад, ки ӯ дар вазорати корҳои хориҷӣ маърӯза  намояд.

Владимир Норов инчунин 13-14 июл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ иштирок менамояд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE