Иштирокчиёни Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд

Дар доираи Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки рӯзҳои 14-16 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирокчиёни Форуми мазкур бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои муассиса директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо истиқбол намуда, ташрифи онҳоро ба ин боргоҳи илму фарҳанг хайрамақдам намуданд.

Сипас, ба меҳмонон аз ҷониби роҳбалади муассиса бо забони русӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд. Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Дар охир иштирокчиёни Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон аз истиқболи самимӣ ва муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташонро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта карданд.

Бояд гуфт, ки баргузории Форуми мазкур имконияти беназир барои мубодилаи таҷриба, барқарор кардани тамосҳои нав ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон қадами муҳим мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE