Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот кард
15 октябри соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар баргузор гардид. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ, иштироки Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳимми кишвар ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд.