Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш ба корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии шуъбаи маориф оғоз бахшиданд
12 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии шуъбаи маориф оғоз бахшиданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, он бо назардошти муҳайё гардидани шароиту имкониятҳои муосир барои кормандони соҳаи маориф сохта хоҳад шуд.
Бинои шуъбаи маориф бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд гардида, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 111 ҷойи нишаст, ҳуҷраи хоб барои кормандони соҳаи маориф, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо меоянд, инчунин ошхона ва дигар иншооти ёрирасон сохта мешавад.
Бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд гардида, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин мешаванд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ ба лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш ба масъулон ва бинокорон барои бо сифати баланд бунёд кардани иншоот дастуру ҳидоятҳо доданд.
Бояд гуфт, ки рушди бонизоми соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои беҳтару хубтар намудани шароити кории кормандони ин бахш тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад.
Дар маркази ноҳияи Лахш сохтани бинои нави шуъбаи маориф аз дастгириву таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва муҳайё кардани шароити муосир шаҳодат медиҳад.