Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид
Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни ин нишаст Азим Иброҳим Вазири нақлиëти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар соли 2022 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 242 миллиону 279,9 ҳазор сомонӣ корҳои таъмируву барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои он иҷро гардидааст,ки нисбат ба соли гузашта дар муқоиса 2,14 маротиба зиёд мебошад. Дар ин бора ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода иттилоъ медиҳад.