Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии ҷавонон дар Қазокистон иштирок намуд
4-5 октябри соли 2024 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон- шаҳри Остона таҳти унвони «Нақши ихтиёриён дар ваҳдату ягонагии ҷаҳон» ҳамоиши байналмилалии ҷавонон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиши байналмилалии ҷавонон 100 намоянда аз 30 давлати дунё, аз ҷумла аз Тоҷикистон иштирок намуданд.
Намояндагони давлатҳои иштироккунанда доир ба мавзуъҳои «Ҳадаф ва роҳҳои нави ҷалби ихтиёриён ба ҳаракати волонтёрӣ», «Рушди фаъолияти волонтёрӣ дар ҷомеаи муосир, «Нақши ихтиёриён дар ҳифзи солимии ҷомеа» ва «Саҳми фаъоли волонтёрон дар ҳифзи муҳити зист ва ободии диёр» маъруза намуданд.
Мақсади асосии ҳамоиши байналмилалии волонтёрон таҳкими дӯстиву ҳамдилӣ, рафоқату баҳамоӣ, омӯзиши табодули таҷриба, баланд бардоштани нақши ихтиёриён дар ҷомеаи муосир ва тақвият бахшидани рушди фаъолияти волонтёрӣ мебошад.