Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи дуюми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ иштирок карданд

Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи дуюми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Занон, сулҳ ва бехатарӣ: нақши занон дар устувории сулҳ, нест кардани зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон, таъмини бехатарии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни суханронӣ оид ба роҳбарии занон дар таъмини сулҳу субот, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бо назардошти омилҳои гендерӣ ва ҷалби фаъолонаи занон ба ҳамкории минтақавӣ изҳори назар намуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои форум оид ба таъмини иштироки пурмазмуни занон дар бунёди сулҳ ва рушди устувор дар саросари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тавсияҳо қабул карда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE