Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 23-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

16 октябр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи 23-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд.

Дар ҷаласа масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи судманд дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардида, оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор доир шуд.

Аз ҷумла, ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории амалӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ин ҷаласа иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои аъзою нозири ин созмон муносибатҳо пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамкориро дар доираи ин Созмон афзалияти аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии худ қарор додааст.

Доир ба замонависозии Созмон ва сохторҳои доимии он, инчунин таҳкими кор бо шарикони муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай ва иттиҳодияҳои байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

Дар ҷаласа пешниҳодҳо, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар самти пешгирии терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи нашъаовар, фурӯши одамон, тағйирёбии иқлим, ҳифзи сарчашмаҳои обӣ, иқтисоди рақамиву «сабз», тиҷорати электронӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, нақлиёту  логистика, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок пешниҳод гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои дар оянда боз ҳам густариш бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои гуфташуда изҳори омодагӣ намуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳороти муштарак ба имзо расидониданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE