Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардид
15 декабр дар шаҳри Душанбе «Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031» муаррифӣ гардид.
Тавре Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар чорабинӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/Мудири кишварии Бонки ҷаҳонӣ Файзиддин Қаҳҳорзода саҳми Бонки ҷаҳониро дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок баланд арзёбӣ намуд.
Зимни муаррифии стратегия ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси ҷойи нави кор, рушди соҳаҳои энергетика, бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя, ҳамчунин ба таҳкими сармояи инсонӣ (маориф ва тандурустӣ) таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ бо мақсади расидан ба ҳафадҳои гузошташуда изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳамзамон байни иштирокчиён оид ба мавзуи мавриди назар мубодилаи афкор доир шуд.

