Нишасти навбатии Платформаи шарикии Тоҷикистон – САҲА
24 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии Платформаи шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барпо гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар донанд.
Дар чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва ҳайати САҲА-ро иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли ин созмон Кейт Фирон роҳбарӣ намуданд.
Дар нишасти мазкур намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ширкат варзида, ҷонибҳо фаъолияти САҲА-ро дар Тоҷикистон дар чорчӯби се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ баррасӣ карданд.