Сафари кории сафири Тоҷикистон дар Русия ба Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия

30 майи соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар доираи сафари худ сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Ҷумҳурии Доғистон С.Меликов мулоқот кард. Зимни суҳбат оид ба вазъи кунунии ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доғистон, инчунин дурнамои робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE