Заминларзаҳо дар Куба боиси ярчфароӣ ва вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ гардиданд

Ду заминларзаи шадид дар шарқи Куба боиси ярчфароӣ ва вайрон шудани манзилҳои истиқоматию хатҳои интиқоли барқ ​​гардиданд. Ба аҳолии музофотҳои зарардидаи Сантяго-де-Куба ва Гранма тавсия дода шуд, ки дар ҷойҳои кушод бимонанд,- иттилоъ додааст президенти ин давлат Мигел Диас-Канел Бермудес.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус РИА «Новости» иттилоъ додааст. «Шурои мудофиаи миллӣ бо котибони якуми ҳизб дар музофотҳои Сантяго-де-Куба ва Гранма суҳбат намуд. Мо арзёбии зарарро оғоз менамоем, то тавонем барқарорсозиро шуруъ кунем. Кори аввалин ва аз ҳама муҳим- ин наҷоти ҳаёти одамон аст»,- навиштааст Диас-Канел дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).

Ба маълумоти зилзилашиносони маҳаллӣ, рӯзи якшанбе дар наздикии соҳили Куба заминларзаҳо бо шиддати 6,0 ва 6,8 дараҷа бо фосилаи як соат ба амал омадаанд. Заминларзаҳо дар минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол, дар сарҳади қишри тектоникӣ, ки ҷазира ба он ҳамшафат аст, рух додаанд.

АКС аз бойгонӣ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE