Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка бар асари тӯфон зиёда аз 900 ҳазор нафар истеъмолкунандагон бе барқ мондаанд
Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка беш аз 900 ҳазор нафар истеъмолкунандагон бе барқ мондаанд. Чунин маълумотро рӯзи панҷшанбе сомонаи poweroutage.us овардааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Бештар аз ҳама аз ҳавои номусоид иёлати Мичиган зарар дидааст, ки дар он 809 ҳазор нафар истеъмолкунандагон бе неруи барқ мондаанд. Дар иёлатҳои Иллинойс, Висконсин, Ню-Йорк ва Калифорния қатъи оммавии неруи барқ ба мушоҳида мерасад.
Мувофиқи иттилои сомонаи flightaware.com, то шоми панҷшанбе дар Америка беш аз 1,1 ҳазор парвоз лағв карда шуд.