«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Волидони ғолибони озмун сазовори нишони «Маърифатпарвар» гардиданд
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Зимни он 66 нафар волидоне, ки фарзандонашон дар озмун ғолиб гардидаанд, бо нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин 66 нафар омӯзгорони онҳо бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Дар баробари ин 102 нафар иштирокчии фаъол ҳамчун иштирокчии ифтихорӣ, 20 нафар нафақахӯр ва 10 нафар ятимону маъюбон бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки соли шашум аст Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ байни аҳолии ҷумҳурӣ, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат доир мегардад.
«Давоми ин шаш сол мо шоҳиди он гардидем, ки шумораи дӯстдорони каломи бадеъ меафзояд. Озмун ҳамасола дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои осиштаи Ватан дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ гузаронида мешавад», -изҳор дошт муовини Сарвазир.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон