Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Аз 22 то 26 ноябр дар шаҳри Сиктивкари Ҷумҳурии Комии Федератсияи Русия Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Бозиҳои 3-юми арктикии Делфи баргузор мегарданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳо ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» — донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат (Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз ва Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ) муаррифӣ менамоянд.
Намояндагони Тоҷикистон дар равияҳои академӣ, эстрада, созҳои миллӣ, овозхонӣ ва рассомӣ иштирок мекунанд.
Дар назар аст, ки дар доираи Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавзуи «Ҳамкории фарҳангии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» Форуми байналмилалӣ низ доир шавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 17 октябри соли 2022 Тоҷикистон маротибаи аввал мизбони Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид. Дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»