ДАР ПОЙТАХТ ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз ҳазор нафар варзишгарону дӯстдорони навъи бозиҳои миллии варзишӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид. Дар Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ наврасону ҷавонони аз 14 то 30-сола аз рӯи 2 намуди бозиҳо: намудҳои сабқат, рақобати даставӣ ва намудҳои бозиҳои намоишӣ иштирок намуданд. Инчунин дар Фестивал бозиҳои сабқат ва рақобати даставӣ, гӯштингирӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200, 400, 800 метр), шоҳмот ва бандкашӣ намоиш дода шуданд. Дар ҷараёни Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бозиҳои хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камонғулак, ва бандпарак  ба маърази тамошо гузошта шуданд. Зикр гардид, ки Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб миёни насли наврас ва ҷавонон мебошад. Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар пойтахт минбаъд ҳар сол, хосса давоми соли 2021 дар се марҳила бахшида ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, марҳилаҳои баргузории намудҳои варзишии он тариқи ВАО эълон карда мешавад.

Султонов Шодонҷон

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE