АСОЛАТИ МИЛЛИРО БОЯД АЗ МАНФИАТ БОЛО ДОНИСТ
Хатарзо будани ҳар ҳизбу ҳаракат бевосита аз фаъолият доштани он вобастагӣ дорад. Аз он ҷумла ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз ҳар лаҳзаи ҳассоси пешомад, ки пайёмадаш ба суди онҳо аст хуб истифода мекунанд. Наҳзат дар асл, ҳамин гуна услуби корро дар худ дорад. Яъне пиёда сохтани мақсад ва ба даст овардани маблағҳои ҳангуфт ва ба ин васила таъсири бади худро дар дилхоҳ маврид расонидан. Дар асл фаъолияти кори ин гурӯҳи террористӣ ба манфиати миллат сарзамин ва давлат нест. Баъзе афроде ҳастанд, ки бо навишта кардани матлабҳои хусусияти иғовангезидошта мехоҳанд, ин тинҷиву амонӣ ва якпорчагии кишварро халалдор созанд. Хуб боз сухан сари ҳизби наҳзат ва афроди ба ин ташкилоти террористӣ наздик меравад. Маълум мегардад, ки пуштибонӣ аз ин ҳизб ин ҳамкорӣ ва пиёда сохтани ҳадафҳои хеш дар мувофиқа бо ҳаммаслакони он дар кишвар мебошад. Яъне ҳамаи ин танҳо баҳонае барои фаъолият кардан ба шумор меравад. Ҳукумат бе будан ё набудани ҳизб ё кадом ё ташкилоти террористӣ фаъолият ва нақшаҳои худро барои беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардум руйи даст гирифтаву ашхосеро ба интихобот пешбарӣ мекунад, ки ба меъёрҳои муқарраргардидаи қонун ҷавобгӯй бошад. Баъдан муқоиса кардан, ки имрӯз ҷомеа ё насли нави ин миллат дигар эҳтиёҷ ба мафҳумҳои Истиқлолият ё Ваҳдат ё дигар масоили миллӣ ва арзишнок эҳтиёҷ надорад ин аз хусумати шахсӣ доштани ҳамон афроде дарак медиҳад, ки ба навиштани чунин матлабҳо даст мезананд. Агар шахс дар бораи Истиқлолият, ки воқеан неъмати бебаҳо мебошаду арзиши воло дорад, эҳтиёҷ надошта бошад, пас чӣ ҳоҷати дар ин сарзамин зиндагӣ кардан дорад. Бигузор ба ҳамон кишварҳое кӯч бандад, ки хостаҳояшро амалӣ месозанд. Масоили дигар, ки дар кишварҳои пешрафта аз методҳо ё худ усули нав кор мегиранду ба масоили дохилӣ аҳмияти ҷиддӣ намедиҳанд,ин маънои онро дорад, ки барои онҳо мушкилоти дохилиашон на он қадар арзиш дорад ва воқеан онҳоянд, ки фикри беҳбудии сарзамини худро намекунанд. Ба чӣ хотир пуштибонӣ аз сиёсати хориҷӣ мекунанд, ки тавонанд ба ин васила мавқеи худро устувор карда, миёни кишварҳои ҷаҳон маҳбубияти хос ва ё худ ба истилоҳ имиҷи баланд дошта бошанд. Аслан дар ин масоил сӯҳбат кардан ё ақида пешниҳод кардан кори дасти афроде башумор меравад, ки онҳо манфиати худро аз манфиати миллӣ боло мешуморанд. Яъне ба ин тарзи фаъолият танҳо санги маломат ҷониби мақомотҳои дахлдор зада пуштибонӣ аз нафароне мекунанд, ки онҳо пуштибонашон буданду ҳастанд ва манфиати хосаеро ба даст ҳам меоранд. Пас чӣ зарурат дорад вақте сухани сари як афроди ҷиноятпеша меравад дар ин масоил сиёсати давлатиро омехта намоем. Ҳоло он, ки агар шахс воқеан дар худ ҳуввияти миллӣ дошта бошаду аз он ифтихор намояд, ҳеҷ гоҳ барои манфиати худ арзишҳои миллиро боло намедонад. Пас месазад, ки дар ин ҷода андеша кард, ки то чӣ андоза ин усул барои шинохти асолати миллӣ заминагузор мебошад.
Султонов Шодонҷон
Садои Душанбе