Конференсияи «Китоб – равшании хонадон» дар Хоруғ

Дар шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ  бо китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «Китоб – равшании хонадон» бо ширкати хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр конференсияи илмӣ – адабӣ  баргузор гардид.

Мақсади конференсияи мазкур аз баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарки мафҳуму моҳияти асаре, ки кӯдакону наврасон мутолиа мекунанд ва ғанӣ гардонидани захираи луғавии онҳо иборат буд.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ, Атобеки Шукурбек, «пас аз Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ширкати хурдсолону калонсолон баргузор гардид, шавқу ҳаваси кӯдакону наврасон нисбат ба китобхонӣ боз ҳам бештар гардид.

Назар ба иттилои масъулини китобхонаҳои шаҳрию вилоятӣ теъдоди аъзои онҳо дар як соли охир бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Бахтиёр ЗОИРИЁН,

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE