10 январ – «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия»
Тавре ба ҳамагон маълум аст, коррупсия мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир буда, он ҳамчун падидаи сиёсӣ-иҷтимоӣ ба тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, некӯаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.
Бинобар ин, барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «Яке аз хатарҳои асосии ҷомеа, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад».
Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.
Аз ҷумла, соли 2006 баъди аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаридани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор гардид, ки қонунгузории худро ба Конвенсияи мазкур мутобиқ намуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсияро таъсис диҳад.
Бо мақсади иҷрои ин уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идоракунии давлатӣ, сарфаю истифодаи самараноки маблаѓҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти мамлакат аз 10 январи соли 2007 дар заминаи Полиси андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Кормандони Агентӣ аз рӯзҳои аввали корӣ бо садоқату касбияти баланди хизматӣ фаъолияти худро дар самти мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд пурзӯр намуда, дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки коррупсия таъсири худро ба тамоми соҳаҳои зиндагии инсон гузошта, рушди солими иқтисодиро фалаҷ мегардонад, фаъолияти самарабахши сиёсатро халалдор сохта, робитаи миёни ҳукумат ва мардумро ноустувор месозад.
Бинобар ин, ҳар яки мо уҳдадорем, ки дар коҳиши назарраси ин падидаи номатлуб саҳми арзандаи худро гузорем.
Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати коррупсияро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ қайд намуда, муқовимати дастаҷамъонаро бо ин падидаи номатлуб мунтазам таъкид менамоянд.
Дар партави ин сиёсати пешгирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ба имрӯз се маротиба барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ қабул карда шудааст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 қабули гардидани Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 давоми мантиқии ислоҳоти зиддикоррупсионӣ мебошад.
Дар баробари корҳои дар самти фаъолият ба анҷомрасонидашуда, тули солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корҳои ободкориву созандагӣ баҳри тақвияти фаъолияти Агентӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Аз ҷумла, сохта ба истифода додани биноҳои маъмурии замонавӣ ба кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Агентӣ, ки ифтитоҳи онҳо бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст, шаҳодати тасдиқи ин гуфтаҳост.
Дар навбати худ кормандони Агентӣ аз ин ѓамхориҳову дастгириҳо руҳбаланд гардида, дар оянда низ барои таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҳифзи манфиати давлат ва ҷомеа ҷидду ҷаҳд хоҳанд намуд.
Дар ростои «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомтро бо иди касбӣ самимона табрику муборакбод намуда, баҳрашон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат, бахту иқболи накӯ ва дар фаъолияти пурмасъулу шарафмандона барору комёбиҳо таманно менамоем.
Бигзор, ҳамеша дар хизмати Ватану миллати худ чун кафили сулҳу субот, ҳомии давлату ҷомеа бошед!
Иди касбӣ муборак!