Сироҷиддин Муҳриддин бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мулоқот намуд

Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Руслан Мирзаевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба муборизаи давлатҳои узви СҲШ бо «се зуҳурот» – терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ табодули афкор намуданд.

Масоили марбут ба коркарди рӯкардҳо ҷиҳати таҳияи феҳристи ягонаи гурӯҳ, ташкилот ва дигар ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узв манъ гардидааст, муҳокима шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин Руслан Мирзаевро ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифаи Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ табрик гуфта, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидати ҳамаҷониба ҳангоми иҷрои вазифааш иброз намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE