Тоҷикистон ва Қирғизистон тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуданд
Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи Тарафҳо 1 – 6 декабр дар шаҳри Ботканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Зимни вохӯрӣ Тарафҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.