5-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ фермаи парандапарварӣ ба истифода дода мешавад

Дар Дашти Хушекати ноҳияи Айнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фермаи парандапарварӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.

Фермаи парандапарварӣ аз ҷониби соҳибкори деҳаи Хушекат Шарофқул Ҳасанов бунёд мешавад. Тавре иттилоъ дода шуд, соҳибкор нақша дорад дар ду бинои омодакарда 18 ҳазор мурғи гӯштӣ  парвариш намояд.

Новобаста ба он ки парвариши мурғ нозукиҳои зиёд талаб мекунад, соҳибкор талош дорад шумораи онро ба таври муносиб зиёд карда, бо ин дар афзоиши истеҳсоли гӯшти паранда саҳм гузорад. Бо фаъол гардидани ферма,  сокинони ноҳияи Айнӣ  бо нархи дастрас бо гӯшти паранда таъмин мегарданд.

Бояд гуфт, ки таъсиси фермаи парандапарварӣ  дар вазъияти имрӯза хеле муҳим буда, баъди ба кор даромадани он сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши доимӣ таъмин мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE