Чор паҳлавони тоҷик соҳиби шоҳҷоизаҳо дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Данғара шуданд

 Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он беҳтарин паҳлавонон бо ҳам рақобат намуданд.

Дар ин мусобиқа паҳлавонони тоҷик Шарифҷон Назриев, Ғазалшои Давлатшоҳ, Фирдавс Насимов, Ҳақназар Назаров, Зафар Олимшоев, Бобоҷон Бобоҷонов, Мизроб Лоиқов, Рустам Хоҷаев, Улуғбек Раҳимов, Баҳром Суфиев, Муҳаммадисо Раҷабов, Наврӯз Каримзод, Ҳакдод Гулов, Мирзоҷамил Рамазонов ва Идибеки Амиршо бар ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, ҷоизаҳои олиро сазовор гардиданд.

Зимни мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагон ба иштирокчиён туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла 4 мошин ҳамчун Шоҳҷоиза низ тақдим карда шуданд.

Аз ҷумла, Ғазалшои Давлатшоҳ, Бобоҷон Бобоҷонов, Мизроб Лоиқов ва Шарифҷон Назриев ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза- ин мошинҳо шуданд.

Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки бо мақсади эҳё ва рушди анъанаҳои миллии варзишӣ ва таърихи гӯштингирӣ баргузор шуд, ба рӯйдоди муҳими фарҳангӣ табдил ёфт.

АКС: АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE