Телевизиони Кӯлоб ба пахши барномаҳои формати дақиқияташ баланди HD гузашт

29 июл Телевизиони Кӯлоб ба пахши барномаҳо дар формати дақиқияташ баланд (HD) оғоз намуд.

Мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ медиҳад, ки 29 июл дар маросими гузаштан ба пахши барномаҳои Телевизиони Кӯлоб ба формати дақиқияташ баланди HD роҳбарияти вилояти Хатлон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Тибқи маълумот, Телевизиони Кӯлоб соли 1992 таъсис ёфта, то имрӯз ҳамчун муассисаи сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Хотиррасон бояд шуд, ки бо мақсади фаъолияти босамар ва мукаммалсозии фазои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 2700 –солагии Кӯлоб бинои Телевизиони Кӯлоб бо тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуда буд.

Ҳамчунин бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Телевизиони Кӯлоб бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, таҷҳизоти мавҷпахшкунандаи баландиқтидор ва нақлиёт таъмин гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE