АРТИШИ МИЛЛӢ — ХОТИРИ ОСУДАИ МИЛЛАТ

23-юми феврали соли 2025 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирад. Тоҷикистони соҳибистиқлол  ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи худ замоне шурӯъ намуд, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ кишвар гирифтори вазъи печидаи сиёсиву муноқишоти дохилӣ буд.  Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Вазъи душвори сиёсӣ-иқтисодии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардад. Дар ин давра норасоии мутахассисони касбӣ низ ба назар мерасид. Метавон гуфт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои холӣ таъсис ёфта, кори худро аз сифр оғоз намуд.

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. 18-уми декабри соли 1993 генерал-майор А.В.Шишляников вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиду ба ташкили нахустин раёсатҳо ва ҷузъу томҳо  шуруъ намуд. Бо роҳбарии ӯ аввалин намоиши сафороӣ ва расми гузашти тантанавии низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзи 23-юми феврали соли 1993 хотирмону фаромӯшнашаванда сурат гирифт, ки онро метавон гардиши куллие дар ҳаёти Артиши миллии мамлакат номид. Намоиш нишон дод, ки роҳбарияти Ҳукумати навташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ ҷиддӣ машғул аст. Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  23-юми июни  соли 1993 Қарорро “Дар бораи сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонд. Инчунин, зимни ин қарор сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.  Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  26-уми августи соли 1994 сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Сарситоди  Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бори дигар мавриди муҳокима қарор дода, бо ислоҳу  тағйироти муҳим  сохтори нави онро тасдиқ кард. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Таъсиси Артиши миллии Тоҷикистонро ба се марҳила ҷудо кардан мумкин аст. Мақсади асосии марҳилаи аввали таъсиси Артиши миллӣ ин ташкили Қувваҳои Мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини Истиқлолият, ҳифзи якпорчагии хоки Ватан ва оромию осоиштагиро дошта бошанд. Дар ин давра таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, Қонунҳо “Дар бораи мудофиа”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ”, “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул карда шуданд.

Марҳилаи дуюми ташаккули Артиши миллии Тоҷикистон  аз ҳаллу фасл  ва такмили корҳои ташкилӣ, муқаррар намудани номгӯйи вазифаҳову муайян кардани таркиби онҳо, инчунин таҳияи низомномаву оинномаҳо иборат буданд. Дар ин давра навъҳои асосии қонунҳои Артиши миллии Тоҷикистон, аз қабили Қушӯнҳои хушкигард, Қушӯнҳои ҳарбиву ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ ва Қӯшунҳои зудамал  таъсис ёфтанд.

Марҳилаи сеюми хотимавии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон  аслан баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғоз ёфт. Даври асосӣ ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қушӯнҳои хушкигард, Қушӯнҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ.

Бо ифтихори беандоза бояд таъкид кард, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёдгузориву таҳкими Артиши миллӣ ниҳоят бузург аст.  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зимни ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат таъкид менамоянд, ки воқеаву  таҳаввулоти ҷомеаи  ҷаҳонӣ  ҳар  яки моро ҳушдор медиҳад, ки  зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ  ва муқаддас доштану  ҳифз намудани дастовардҳои истиқлолияти давлатиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем.

Қушӯнҳои хушкигард

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   аз рӯзҳои аввали таъсисёбии  Қувваҳои  Мусаллаҳ ба таҳкими фаъолияти он ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар ҳамеша таваҷҷуҳи ҷиддие зоҳир намуданд. Зеро ин қувваи тавоно сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти кишварро таъмин мекард. Ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли солҳои фаъолияти худ дар ҳамаи лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ, садоқат ба савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои Истиқлолият  фидокориву ҷасорат нишон доданд. Дар давоми 30 соли фаъолияти Артиши миллӣ ҳайати шахсӣ дар чандин машқҳои муштарак бо артиши давлатҳои хориҷӣ иштирок намуд. Ҳамкориҳои ҳарбию техникии Тоҷикистон  бо давлатҳои гуногун ва Созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сол аз сол ривоҷу равнақ  меёбад. Имрӯз сафи Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки онҳоро муассисаҳои таълимии ҳарбии дохилию хориҷӣ омода мекунанд, мукаммал гардидааст.

Тайи 32 соли фаъолияти Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар ҳамчун кадрҳои соҳавӣ тарбият ёфтаанд, ки имрӯз дар сафи Артиши миллӣ ба ҳайси нишонгир-снайперҳо, парашутистон (десантон), минаҷўйён, тирандозон, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпўши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва ғайра сарбаландона фаъолият доранд. Ҳамасола афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомўзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.

                        Қушӯнҳои зудамал

Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомўзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст.

20-уми феврали соли 2015 бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расонида шуд, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи низоми корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию руҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрўю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин намуд.   

Сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандўстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад.  Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, аз байн бурдани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба нақшаи пешбинишудаи фаъолият дар қисмҳои низомӣ бо хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, асосан ҷиҳати пурзўр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ муташаккилона ба роҳ монда мешаванд.

Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ

Дар самти рушду нумўи Артиши миллӣ давоми 32 сол маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кўтоҳ, бо сифати баланд, ҷавобгӯйи меъёри ҳарбӣ ва талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, навъҳои қўшуни Артиши миллӣ ва марказҳои таълимии он сохтмону азнавсозии бинову иншооти ҳарбӣ бомаром идома дорад. Муҳайё гардидани шароитҳои муносиб маҳз самараи даврони Истиқлоли давлатии кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати боз ҳам ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити қисмҳои низомӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Ҳайати собиқадорон аз таҷрибаи хизмати ҳарбии худ  ва таҷрибаи зиндагӣ, ҳайати шахсии афсарону прапоршикон ва сарбозонро ба дўст доштани Ватан, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, пос доштани анъанаҳои беҳтарини таърихи халқамон, дӯстиву рафоқат, Ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ватандўстӣ ва расидан ба қадри ин замини биҳиштосои аҷдодӣ ҳидоят менамоянд.

Айни ҳол, аз сарбози қаторӣ сар карда то хизматчиёни ҳарбии олирутбаи Вазорати мудофиа, таҳти шиори  “Соли 2025-ум бо омодагии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ” фаъолият намуда, баҳри таъмини амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа доимо тайёранд. Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ, дар таърихи 32-солаи Артиши миллии худ собит намуд, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди  миллат барои ба эътидол овардани  вазъи душвори мамлакат  хизматҳои беназир анҷом додааст. Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату  мардонагӣ гирифта, чи тавр муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд.

Дар дунё миллатҳое ҳастанд, ки ватан надоранд, пиру барнояшон сарсону саргардонанд ва як мумр дар ғарибиву қашшоқӣ умр ба сар мебаранд. Дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки гирифтори муноқишоту нооромиҳоянд ва мардумонашон дар ҳасрати онанд, ки лоақал як нафасашон, як лаҳзаи умрашон орому осуда ва бе тарсу ҳарос бигзарад. Ҳазорон шукрона, ки тоҷики хуштолеъ ватан дорад, ватани нозанине дорад, ки рӯз ба рӯз ҳар гӯшааш, ҳар гулгашту кӯчааш зеботар, ободтар мешавад.

Фирӯз КАРИМЗОДА,

сармуҳаррири радиои

    «Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE