Дар Остона ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
21 июн дар ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Остона таҳти раёсати Қазоқистон доир шуд, «Стратегияи рушди ҳамкории энергетикии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардида, ба тасвиб расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласаи мазкур Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иштирок намуд.
Бояд гуфт, ки «Стратегияи рушди ҳамкории энергетикии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030» самтҳои асосии ҳамкории давлатҳои аъзои Созмонро дар соҳаи энергетика то соли 2030, аз ҷумла, дурнамои рушди иқтидори транзитии захираҳои энергетикӣ ва имконияти диверсификатсияи хатсайрҳои содиротӣ, ташаккули низоми нави энергетикӣ бо ташкили тавозуни афзалиятҳои рушди соҳа, навсозии манбаъҳои анъанавии энергия, такмили системавии соҳа, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва илм дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБО), рушди энергетикаи водород, ҷустуҷӯи ҳалли нав дар соҳаи сарфаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергияро муайян менамояд.
«Дар стратегияи тасдиқшуда, мо дар бораи зарурати пешбурди равиши мутавозин, рушди ҳам энергетикаи анъанавӣ ва ҳам барқароршаванда тибқи шароити миллии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба мувофиқа расидем», — гуфт баъд аз қабули стратегия вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Алмасадам Саткалиев.
Вазирони энергетикаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди рӯзномаи глобалӣ ва минтақавии энергетикӣ мубодилаи афкор намуда, рушди соҳаи энергетика, аз ҷумла имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ ва маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои ин соҳаро баррасӣ намуданд.
Созмони ҳамкории Шанхай – созмони минтақавӣ буда, майдони муҳим барои муколама ва ҳамкории мамлакатҳои иштирокчӣ мебошад. Имрӯз Созмони ҳамкории Шанхай тақрибан сеяки маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳон, 60 фоизи қаламрави Авруосиё ва 42 фоизи аҳолии сайёраро дар бар мегирад. Соҳаи энергетика дар доираи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай хеле муҳим аст, зеро он ба рушди тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла соҳаи иқтисодӣ мусоидат мекунад. Созмони ҳамкории Шанхай бузургтарин истеҳсолкунандагон, транзитерҳо ва истеъмолкунандагони захираҳои энергетикиро муттаҳид менамояд.