Ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” таҳти раёсати муовини сарвазири кишвар Сулаймон Зиëзода ва Раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷаласаи васеи Платформаи миллӣ оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Платформаи миллӣ роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, инчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқимии Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошанд, ширкат доштанд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, татбиқи Стратегияи миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи марҳилаи якуми Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ барои давраи то соли 2037 ва маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба Конфронси байналмиллалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва баррасии масъалаи низоми огоҳкунии бармаҳал аз офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо, рафти иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2023-2027, татбиқи ташаббуси “Огоҳкунии бармаҳал барои ҳама” дар Тоҷикистон, инчунин татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳо дар соҳаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ татбиқ мешаванд, аз қабили лоиҳаҳо бо БОР, БОЧ СММ ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ байни аъзоён ва иштирокчиёни ҷаласаи Платформаи миллӣ, масъалаҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ҷудогардида, табодули афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 таъсис дода шудааст.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе