Дар Душанбе вохӯрии вазирони молияи Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд

3 июл Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири молияи Ҷумҳурии Қирғизистон Алмаз Бакетаев, ки ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, вохӯрӣ намуд.

Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати истифодаи иқтидорҳои мавҷуда дар самти тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи иштирок дар созмонҳои байналмилалии молиявӣ мубодилаи афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE