Агентии хоҷагии ҷангал: соли 2020 дар соҳа 1603 ҳолат қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст

Соли 2020 бунёд ва барқароркунии ҷангалзор дар майдони 1797 гектар сурат гирифтааст. Инчунин, аз ҷониби Агентии хоҷаги ҷангал ба миқдори 1953 адад шартномаи идоракунии муштараки ҷангал бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баста шуда, майдони зиёда аз 89669,4 гектар замин ба онҳо вобаста карда шудааст. Дар ин бора имрӯз Абдуҷабор Юсуфзода, директори Агентии хоҷаги ҷангал зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба маълумоти Юсуфзода, дар самти тайёр намудани тухмиҳо ба миқдори 13343кг тухмии зиёда аз 20 намуди дарахту буттаҳо ҷамъоварӣ карда шуд. Шумораи ниҳолҳо бошад ба 2761 ҳазор бех расонида шуд.

Инчунин, шумораи қонунвайронкуниҳо дар соҳаи ҷангал ва шикори ғайриқонунӣ 1603 ҳолат ба қайд гирифта шудаааст, ки аз ин шумора 793 ҳолат ба буриши ғайриқонунии дарахтон, 276 адад ба чорвочаронии худсарона, 238 адад ба худсарона ҷамъоварӣ кардани гиёҳҳои хурданибобу шифобахш, 119 ҳолат бе иҷозат ба шикор рафтан, 13 адад риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷангал ва 164 ҳолат дигар намуди қойдавайронкуниҳо рост меояд.

Инунин, иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2021 шумораи занбӯри асал ба 3321 оила расонида шуда, истеҳсоли асали худӣ 11,1 тоннаро ташкил медиҳад. Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Қаратоғи шаҳри Турсунзода фермаи оҳупарварӣ ташкил карда шуд,  ки дар он зиёда аз 300 сар оҳуи холдор дар майдони 450 гектар парвариш меёбанд.

Шоҳин САИДОВ,

Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE