ХАВИ СИМОНС БАЪДИ ТАРКИ “БАРСЕЛОНА” ДАР “ПСЖ” БАРОМАД КАРД
Хави Симонс, яке аз муваффақтарин футболбози 17 – сола, рӯзи гузашта бори аввал дар бозии “Ҷоми Фаронса” дар ҳайати тими “Париж Сен-Жермен” бар зидди дастаи “Кан” бозӣ кард.
Ин бозингари 17 – сола дар дақиқаи 78 – ум Ҷулиан Дракслери олмониро иваз карда, вориди майдон шуд ва чанд партоби самарабахш иҷро кард, вале натавонист ягон голро ба номи худ нависад. Ҳамин тавр, дар даври 1/32 “Ҷоми Фаронса” “ПСЖ” ба тими “Кан” дар сафар бо ҳисоби 1: 0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 49-ум ҳамлагари итолиёвӣ Моисе Кин ба дарвозаи ҳариф зад.
Хави Симонс, ки яке аз истеъдодҳои асосии ҷавони клуби “Каталония” маҳсуб мешуд, тобистони соли 2019 дар пайи ҷанҷол тарки “Барселона” кард ва баъди имзои қарордод ба ПСЖ рафт.
Тибқи иттилои расонаҳо, каталониҳо бо ин футболбози ҷавон бо шартҳои истисноӣ аввалин шартномаи касбиро имзо карданӣ буданд, ки дар пайи он Хави соҳиби 200 ҳазор евро маош, бозӣ дар тими ҷавонони 17 – 18 сола, таҳсил дар академияи бошгоҳ) , имкони рафтан дар мавсими навбатӣ ба “Барселона- B”ва соҳиб шудан ба мукофоти калони молиявиро дар ҳоли ғалаба ба даст меовард, вале ӯ бо як қарори худ ин ҳамаро сарфи назар карду ба ҳайати ПСЖ гузашт.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”