«Тоҷикистон – Ватани азизи ман» – василаи ҷалби ҷавонон ба шинохт ва омӯзиши фарҳанги асил
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» на танхо чехрахои нави санъату хунарро кашф мекунад, балки дар инкишофи санъат ва фарҳанги аҷдоди мусоидат мекунад. Хусусан, дар замони чахонишави ва нобудшавии фархангхои миллатхои гуногун гузаронидани чунин озмунҳо дар ҳифз ва тарғиби санъати миллӣ замина мегузорад.
Аз натиҷаи даври ниҳоии Озмун маълум мегардад, ки дӯстдорони санъати асили мусиқӣ дар байни наврасону ҷавонон хеле зиёданд. Имрӯз барои иштирокчиён тамоми шароитҳо фароҳам буда, дар интихоби номинатсия ва жанрҳои мусиқӣ озоданд.
Муҳиба Шокирова ва Аҳадҷон Шокиров харду иштирокчӣ ва ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман” мебошанд. Онҳо дар шаҳри Конибодом ва Хуҷанд аз рӯи номинатсияи сарояндагӣ ҳунарнамоӣ намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд ва дар қисмати ниҳоии Озмун ғолиби он шуданд
Ҳамасола санъаткорони варзида ва наврасону ҷавонони санъатдӯст дар озмунҳои байналмиллалӣ иштирок намуда, мақомҳои баландро сазовор мешаванд. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» тараннумгари ваҳдату истиқлолият ва василаи ҷалби ҷавонон ба шинохт ва омӯзиши фарҳанги асил мебошад, мегӯянд қаҳрамонони мо.
Бояд таъкид кард, ки бо Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон соли дуюм аст, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад. Ин иқдоми фарҳангпарваронаи Роҳбари давлат, пеш аз ҳама, ба хотири бедор намудани эҳсоси баланди меҳандӯстиву ватансозӣ ва рӯй овардан ба эҳёи фарҳанги миллӣ равона шудааст.
Қаҳрамони мо – Муҳиба, ҳанӯз соли 2015 аз миёни беш аз 3 ҳазор иштирокчии лоиҳаи “Овози тиллоӣ – 2015” дар қатори 7 нафар ғолибон барандаи ин ҷоиза шуда буд. Муҳиба Шокирова ва Муҳаммадҷон Шокиров аз шаҳри Конибодом дар ин мусобиқа тавониста буданд маҳорти волои сурудхонии худро нишон дода, сазовори ғолибият гарданд. Мо ба ҳарду ҳам саломатӣ ва дар рушди ҳунари сарояндагӣ комёбӣ мехоҳем.
Умедҷон ХОЛОВ,
“Садои Душанбе”