Дар ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт карда мешавад
Имсол кишоварзони ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт менамоянд. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Спитамен яке аз ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд ба шумор меравад. Кишоварзони ноҳия ҳар сол бо иҷрои дурусти қоидаҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳи пахта ба даст меоранд.
Имсол аз ҷониби ширкати «Спитамен Текстайлз» дар 2200 гектар пунбадона кишт карда мешавад. Барои ҷамъ овардани ҳосили босифат навъҳои тухмии ба минтақа мутобиқ ва серҳосил истифода мешаванд.
Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он дар таъмини бахши саноат бо ашёи хоми зарурӣ, фаро гирифтани сокинон бо ҷойи кор ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат нақши калидӣ дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд