Дар шаҳри Кӯлоб хатсайрҳои нави мусофирбар ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Кӯлоб хатсайрҳои нави мусофирбар бо истифода аз микроавтобусҳои замонавӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Хатсайрҳои нав аз терминали шаҳри Кӯлоб то деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Зарбдор ва аз маҳаллаи Худоёр Назаров то Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба истифода дода шуд.

Мақомот аз сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб  ва меҳмонон даъват намудааст, ки  аз хизматрасонии микроавтобусҳои замонавӣ самаранок истифода баранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE