Ҷаласаи стратегии Гурӯҳи арзëбии фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодда
Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷаласаи стратегии Гурӯҳи арзëбии фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.
Дар кори он Сулаймон Зиëзода- муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. “Баланд бардоштани устуворӣ ва коҳиши осебпазирӣ”, “Шарҳи офатҳои табиӣ дар соли 2024”, “Вокуниши Гурӯҳи арзëбии фаврӣ ва хамохангсозии ҳолатҳои фавқулодда ба офатҳои табиӣ”, “Баррасӣ ва тасдиқи нақшаи ҳолатҳои фавқулоддаи байни иҷоравӣ барои селу обхезиҳо” ва “Тасдиқи нақшаи Гурӯҳи арзëбии фаврӣ ва хамохангсозии ҳолатҳои фавқулода” аз мавзуоти аслие буданд, ки зимни ҷаласа мавриди баррасии масъулини вазорату кумитаҳои давлатӣ, коршиносони байналмилалӣ ва шарикони рушд қарор гирифтанд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе