Таҷлили 115 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар Осорхонаи миллӣ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ҳамоиши ҷашнӣ ба ифтихори 115 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода баргузор гардид.

Бояд гуфт,ки дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ ва ҳам аз ҳисоби фарзандони шоир беш аз 110 адад нигораҳо, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, аксҳо, наворҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ва саҳми боризи ӯро дар рушди адабиёт нишон медиҳад.

Боқӣ  Раҳимзода на танҳо шоири тавоно, балки инсони комил, дўстдори Ватан ва мардум буд. Шеърҳои ӯ лабрези муҳаббат ба Ватан, васфи дўстӣ ва инсондӯстӣ буда, то имрӯз дар қалби мардум ҷой доранд.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE