Дар Душанбе даври дуюми озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор мегардад

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт даври дуюми озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳадафи асосии баргузории озмун аз эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳои халқи тоҷик, тарғиби эҳтиром ба ҳунари ширинипазӣ, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни  шириниҳо ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он  иборат мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки анъанаи омодасозии шириниҳои миллӣ  бо зарфияти хос, бахусус аз лиҳози усули омода намудан ва истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулот дар ҷаҳон беназир аст.

Шириниҳои тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталифи хамирӣ, ширӣ ва мевагиро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд. Ин аст, ки фарҳанги омодасозии ғизоҳои миллӣ ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги  меҳмоннавозии   тоҷикон мебошад.

Санъати омодасозии шириниҳои миллӣ, бахусус ҳалво, кулчақанд, нишалло ва монанди инҳо дар байни сокинон шуҳрати хосса дошта, санъати тайёр намудани он дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE