Нишасти матбуотӣ доир ба Ҷаласаи ХІ Шӯро оид ба сиёсати саноатии давлатҳои иштирокдори ИДМ


4 июни соли 2025, дар шаҳри Душанбе, дар доираи раёсати кишвар дар Иттиҳод, як рӯз қабл аз баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ҷаласаи ХІ Шӯро оид ба сиёсати саноатии давлатҳои иштирокдори ИДМ ва нахустин Мулоқоти машваратии вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегарданд. Дар доираи ин чорабиниҳои сатҳи баланд, имрӯз дар Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар ин бора радиои “Садои Душанбе” иттилоъ медиҳад.

Гуфта шуд, ки барои иштирок дар нишастҳо аз 10 кишвари ИДМ аз ҷумла вазирони соҳавӣ ва меҳмонон даъват карда шудаанд. Дар поёни мулоқот имзои санади ниҳоӣ дар назар аст. Дар чаҳорчӯби чорабиниҳои дар боло зикршуда дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи саноатӣ ташкил карда мешавад, ки дар он иқтидори саноатии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад.

Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE