Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Институти дипломатии Кувайт ба номи Сауд Ан-Носир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд

14 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо роҳбари Институти дипломатии Кувайт ба номи Сауд Ан-Носир Ас-Сабоҳ, муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Носир Сабийҳ Ас-Сабийҳ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таълим, такмили ихтисос ва бозомӯзии дипломатҳои ҷавон, табодули таҷриба ва дигар мавзуъҳои алоқамандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE