СММ аз хатари гуруснагӣ дар Афғонистон гуфт

Созмони Милали Муттаҳид эълон доштааст, ки то охири моҳи сентябр дар Афғонистон шояд ҳеҷ захираи ғизоӣ боқӣ намонад

Тавре хабаргузории Sputnik-Тоҷикистон менависад, оҷонсиҳои СММ дар мавриди камбуди маводи ғизоӣ ба Афғонистон дар моҳи сентябр бидуни кумаки фаврӣ ҳушдор додаанд, чун маълум шудаааст, ки вориди кумакҳои авалия аз ҷумла таҷҳизоти ҷароҳӣ ва дигар таҷҳизоти кӯмаки ғизоӣ, бо маҳдудиятҳо дар фурудгоҳи Кобул монеъ шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Рӯзномаи Guardian менависад, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гузориш додааст, ки баста шудани фурудгоҳи Кобул ба рӯи парвозҳо тиҷоратӣ боиси манъи вуруди маҳсулоти асосӣ ба Афғонистон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Дэвид Базли, директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ хабар додааст, ки гуруснагӣ ба сабаби бӯҳронест, ки пас аз ишғоли қудрат дар кишвар аз ҷониби ҷунбиши радикалии Толибон (созмоне, ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст) оғоз шуд, ба 14 миллион нафар дар Афғонистон таҳдид мекунад.

Дар маҷмӯъ дар Афғонистон наздик ба 39 миллион нафар зиндагӣ мекунанд (маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ). Ба гуфтаи Бизли, Афғонистон бо “тӯфони комил” аз ҷумла хушксолӣ, муноқишаҳо, бад шудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва пандемияи коронавирус рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Мақомдори СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хсот “зуд амал” намоянд. Ба гуфтаи ӯ, барои ҷилавгирӣ аз фалокати башарӣ, Афғонистон бояд то сентябри 2021 ҳадди аққал 200 миллион доллар дарёфт кунад.

Базли изҳори умедворӣ кард, ки ин маблағро ИМА, Қатар ва як қатор кишварҳои дигари арабӣ ҷудо хоҳанд кард. Вай ҳушдор дод, ки агар кумаки молӣ набошад, вазъ дар Афғонистон ба “ҷаҳаннами рӯи замин” шабоҳат хоҳад дошт.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Созмони Милали Муттаҳид аз таҳдиди гуруснагӣ ба қариб сӣ кишвари дунё бинобар пандемия аз коронавирус хабар дода буд. Ба шумори ин давлатҳо Афғонистон низ шомил буд.

https://sputnik-tj.com/

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE