ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ҲУКУМАТИ КИШВАР ДАР МОИ КӮЛОБ

Барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар, имрузхо  дар шаҳру навоҳии мамлакат мавзеҳои махсус  ҳамчун митқаи озоди иқтисодӣ ҷудо карда шудаанд. Минтақаи озоди иқтисодӣ дорои имтиёзҳои махсус баҳри ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Саҳомдорони минтақаи озоди иқтисодӣ барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ корхонаҳои гуногуни истеҳсолиро сохта ба истифода медиҳанд.  Дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб  аввалин сармоягузони хориҷӣ чалб гардиданд, ки  коршиносони бахши иктисоди мамлакат дурнамои ин минтакаро некбинона арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи масъулини минткаи озоди иктисодии мазкур барои чалби сохибкорон ба ин макон як катор имтиёзхо низ чорӣ карда шудаанд. Корманди МОИ-и Кӯлоб Сайёд ШАРИПОВ мегӯяд:

«Минтақаи озоди ӣктисодии Кӯлоб дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри таптбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар аз 1-уми Марти 2019  дар майдони 309,32гектар ҷудо карда шуд. Соли 2020  аввалин  шартомаи сармоягузориро дар минтақаи озоди иқтисодӣ бо ҶДММ «АЛМОС» ба  маблағи300 хазор долари ИМА ба имзо расонидем. Барои шарикони хоричӣ дар доираи меъёрхои баналмилалӣ чихати хамкорӣ дар ин минтака, шароитхо фарохам оварда шудаанд»

Бояд тазаккур дод, бо сабаби паҳншавии бемории каронавирус ба тамоми соҳаҳо таъсири манфӣ расонид. Тавре ки масъулин иброз доштанд, дар соли 2020 сармоягузорони хориҷӣ бо сабаби баста шудани марзҳо  дар чалби сармоя ба иктисоди мамлакат душовирихо ба миён омадаанд.  Бо  андешидани тадбирхои  нави ҳукуматӣ  чанде аз сармоягузони дохиливу хориҷӣ ба минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб чалб гардиданд мегуяд барои шарикони хоричӣ дар доираи меъёрхои баналмилалӣ чихати хамкорӣ дар ин минтака, шароитхо фарохам оварда шудаанд: Ба гуфтаи масъулин, минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб омодааст бо тамоми шарикони дохиливу хориҷӣ фаъолиятро ба роҳ  монада, дар оянда онро ба як мавзеъи рушднамудаи иктисоди мамлакат табил намоянд. Дар ин росто таҳлилҳои коршиносон нишон медиҳад, ки бунёди минтакахои озоди иктисоди дар кишвар,  чихати расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии бо суръати кишвар такони ҷиддӣ хохад буд. Хамзамон , барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва рафъи сатҳи бекорӣ мусоидат хохад кард. Метавон бар он умед баст, ки  дар то ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар ин минтакаи озоди иктисоди, дахо корхонаҳои бузурги саноатӣ ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.

Шоҳҷаҳон Қурбонов

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE