Дар нимсолаи якуми соли 2025 ба миқдори 245 372 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣба қайд гирифта шудааст

“Дар самти назорати бозори истеъмолӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ба миқдори 245 372 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, ба қайд гирифта шудааст”.- дар ин бора Раҳмоншоҳ Мирзоëн-муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.Ба таъкиди масулин, 11 066 кг маҳсулоти гўштӣ, 1459 кг равгани растанӣ, 1351 литр нушокиҳои спиртӣ, 5819 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 328 кг маҳсулоти қаннодӣ, 1168 кг консерва, 112 352 кг намак ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб меравад, ғайристандартӣ дониста шуда, аз муомилот гирифта шуданд.Тоҷиддин СатторовСадои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE