Дар ҷумҳурӣ беш аз 3 тонна 107 кг маводи нашъаовар мусодира гардид
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир намуд. Тавре директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 дар кишвар 534 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4% зиёд аст.
Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ беш аз 3 тонна 107 кг маводи нашъаовар мусодира гардид, ки аз он 384 кг-ро худи Агентӣ ошкор кардааст (76,5% афзоиш нисбат ба соли гузашта). Ҳамзамон, 86 ҷиноят ошкор, 24 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 53 нафар безарар гардонида, 71 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инчунин 155 кг моддаҳои психотропӣ ва зиёда аз 21 ҳазор ҳабҳои нашъадор мусодира намуданд. Барномаҳои пешгирии нашъамандӣ низ идома дошта, шумораи нашъамандони расмӣ ба 4002 нафар коҳиш ёфтааст.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе