Дар Риёз Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ – C5 GCC» баргузор мешавад
Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ-C5 GCC» охири моҳи май дар Риёз- пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масъалаи омодагӣ ба баргузории Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ – C5 GCC» дар мулоқоти маҷозии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистонӣ Саудӣ баррасӣ гардид.
Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, таваҷҷуҳи ҷониби Саудӣ ба Тоҷикистон ва тақвияти муносибатҳои тиҷоратию сармоягузориро муҳокима намуданд. Ҷониби Саудӣ омодагиашро барои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиятнок- энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ изҳор намуд.
Ҷониби вобаста ба лоиҳаҳое, ки дар айни замон аз ҷониби фондҳои Саудӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мегарданд, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Инчунин барои сармоягузории лоиҳаҳои нави афзалиятнок даъват ба амал оварда шуд.