Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро, ки дар шакли кампус бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони биноҳои зисти бо ҷалби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд соли 2022 оғоз ёфта, фармоишгари он Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Биносоз-2015” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ дар муҳлати муайянгардида ба итмом расонид.
Иншооти хизматӣ аз ду бинои 11-ошёна, кӯдакистон, майдони варзишӣ, ду майдончаи бозии кӯдакон, маркази хизматрасонӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1,26 га дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд ёфтааст.
Ду бинои зист дорои 120 хона, аз ҷумла 40 хонаи якҳуҷрагӣ, 40-то дуҳуҷрагӣ ва 40 хонаи 3 ҳуҷрагӣ бо масоҳати умумии 10 904 метри мураббаъ мебошад.
Дар иншооти мазкур 120 оилаи кормандони соҳа соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд ва дар як вақт фарзандони онҳо метавонанд ба таълим дар муассисаи томактабӣ фаро гирифта шуда, мутахассисони ҷавон бо оилаҳояшон аз имкониятҳои мавҷуда, ба таври самаранок истифода намоянд.
Дар ошёнаи якуми бино боғчаи кӯдакона ҷойгир буда, дар он 4 толори бозии зеҳнӣ, 4 синфхонаи машғулияти таълимӣ, 4 ҳуҷраи либосивазкунӣ ва ҷойи шустушӯӣ мавҷуд мебошад.
Ҳамаи хонаҳои хизматӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳии шаҳрӣ пайваст гардидааст.
Майдони варзишӣ дар масоҳати 960 метри мураббаъ бо лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.
Дар назди биноҳо дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуда, гирду атрофи он чароғон гардидааст, ки шабонгоҳ ба симои шаҳр ҳусни дигар зам мекунад.