Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Швейтсария дар доираи лоиҳаи «Blue Peace Central Asia» баррасӣ шуд
Масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об дар доираи лоиҳаи «Blue Peace Central Asia» дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва роҳбари лоиҳаи «Blue Peace Central Asia» дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Вазири энергетика ва захираҳои об аз дастгирии Швейтсария дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши лоиҳаи «Blue Peace Central Asia»-ро дар таҳкими муколамаи об байни кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ, ҷалби таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва мусоидат ба амалӣ гардидани ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об изҳори омодагӣ намуданд, хабар медиҳад манбаъ.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон