ТУ МОДАРИ БА ҶОН БАРОБАРАМ, ВАТАН!». Дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд. Дар ҳамоиш ҷавонони солҳои таваллуди 1998-2007-и ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз намуд, ки «дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстию меҳанпарастӣ нишон дода, бори дигар садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон доданд».