Роҳи дараи Алмосии Ҳисор то шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода таъмир мегардад
5 сентябр Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар доираи сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ бо ҳолати роҳҳои дараи Алмосӣ, ки аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сомон ва Хонақоҳи Кӯҳӣ гузашта, беш аз 60 ҳазор аҳолӣ дорад, шинос гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Бо сабаби мушкилот ва дастрас гардидани маблағ роҳсозони Муассисаи нигоҳдории роҳҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди деҳаи Тутака ба таъмири роҳе, ки бар асари селбориши пайдарпайи имсола зарар дидааст, оғоз намуданд. Раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз ин мавзеъ боздид намуда, бо сокинони деҳа дар корҳои мумфаршкунӣ иштирок карда, баъд аз хобонидани ҳиссаҳои аввалини асфалт ба роҳсозон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани таъмир то шаҳроҳи Душанбе-Турсунзода дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тибқи иттилои муовини Раиси шаҳри Ҳисор Аҳмадҷон Исматуллозода, роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳр 176 километрро ташкил дода, бо сабаби кӯҳнаву фарсуда будани онҳо, таъсири омилҳои табиӣ, гаштугузор кардани нақлиёти гаронвазн ҳамасола қариб 80-90 километри онҳо вайрону таъмирталаб мегарданд.
Соли равон дар шаҳр беш аз 30 км роҳ таъмир гардида, тибқи нақша таъмири боз 20 км роҳ, аз ҷумла 12 километр дар дараи Алмосӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин аҳолӣ ва соҳибкорон тасмим гирифтаанд рӯзҳои наздик дар ҳудуди деҳаҳои Чуқурак, Обигармӣ ва Лолагии деҳоти Навобод ба мумфаршкунии якчанд километр роҳ иқдом намоянд. Ҳалли мушкилоти роҳ, об ва барқ дар сархати фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳр Қосим Роҳбар қарор дошта, масъулин ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола омодагии ҳамаҷониба мегиранд.